Санаи 26-майи соли 2022 дар пойгоҳи илми- таҷрибавии Хуросони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳия Хуросон семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи «Технологияи коркард ва самаранок истифодабарии нуриҳои узвию микробиологӣ дар зироаткорӣ» баргузор гардид.
Дар семинар намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, сардорони раёсати кишоварзии ноҳияҳои вилоят, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзидаанд.
Семинарро ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доктори илмҳои кишоварзӣ Амиршоев Файзулло ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории семинари мазкур аз нигоҳи илмӣ таҳлилу баррасӣ, дарёфти роҳу усулҳои муосири самаранок истифода бурдани заминҳои корами обёришаванда буда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, тарғиби арзишҳои илмӣ ва татбиқи дастовардҳо дар истеҳсолот ва ба ин васила амалӣ гардонидани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши кишоварзӣ мебошад.
Дар ҳамоиши илмӣ олимони Институт баромад намуда, қайд намуданд, ки зироатҳои лӯбиёдонагиҳо манбаи муҳими сафедаи барои саломатии инсон зарурӣ ба ҳисоб рафта, нуриҳои узвию микробиологӣ бошад дар таркиби худ пайвастагиҳои органикӣ моддаҳои ғизои дошта барои нашъунамои хуби зироатҳо дар давраи афзоиш зарур буда, пайвастҳои минералии азхудшавандаи N, Р, К, Са, Мg, B, Zn, S ва гумусро ҳосил мекунанд ва истифодаи мунтазами нуриҳои узвию микробиологӣ хосиятҳои физикию химиявӣ, ва низоми обу ҳавои хокро беҳ намуда, фаъолияти микроорганизмҳои фоиданокро дар хок муътадил менамоянд. Дар фарҷоми ҳамоиши илмӣ аз ҷониби олимон ба хоҷагидорон, деҳқонон ва замин истифодабарандагон оид ба самаранок истифодабарии замин тавсияҳои судманд дода шуд.
+992 227-19-79 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |















Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.










