Санаи 17-юми марти соли 2023 бахшида ба муносибати иди Наврӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа котиби илмии АИКТ Умаршоҳ Холзода, Аслиддин Ғоибов мудири бойгонии АИКТ ва кулли кормандон фаъолона иштирок намуданд.
Дар нахуст директори муассиса Ш.И. Хоҷаев дар оғози маросим меҳмонону кормандонро бахшида ба фарорасии иди Наврӯз самимона табрик намуда, ишора ба таърихи ин ҷашни миллӣ таъкид кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди шоҳон Куруши Кабир, Доро, Исмоили Сомонӣ ва шуарои он давру замонро аз нав эҳё намуд ва шукӯҳи тоза бахшид.
Директори муассиса ҳамзамон ба иқдомоти ҷаҳонӣ шудани Иди Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии кишвар Конфронси байналмилалии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Абу Дабӣ аз 28 сентябр то 02 октябри соли 2009 баргузор гардида буд, ишора намуд. Аз ҷумла ёдовар шуд, ки дар ин ҷамъомад аз 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз, тартиб дода мешавад, дохил гардид. Бо пешниҳоди кишварҳои форсизабон амсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ин ҷашни миллии мо, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд ва аз ин ба баъд дар баъзе аз кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Сипас, намояндаи АИКТ Умаршоҳ Холзода, Аслиддин Ғоибов мудири бойгонии АИКТ ва Шариф Қараев раиси Иттифоқҳои касабаи институт дар рафти чорабинӣ кулли кормандонро ба муносибати иди Наврӯз табрик гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирўзӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон суботу оромии ҷовидонаро таманно намуданд.
Дар идомаи ҷашни Наврӯзӣ хуљастапай кормандони масъул ва фаъоли муассиса, котиби илмӣ Ёқубҷон Уроқов ва нозири кадрҳо Шабнами Раҳмонҷон барандагони ин ин ҷашни идона бо суханҳои зебо ва бо ашъор дар васфи баҳору наврӯз тамоми ҳозиринро табрик карданд. Тибқи барномаи идона љавонон дар васфи баҳору наврӯз шеъру тарона хони намуданд.
Чун анъана дар таҷлили ҷашнҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон ба расму ойин ва сунатҳои он эҳтиром гузошта мешавад. Ба мисли таҳияи ғизоҳои миллии баҳорӣ ва оростани суфраи “Ҳафтсину ҳафтшин”, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар расму одоби наврӯзиро дар намоиш гузоштанд.
Дар фарҷом тамоми кормандон ва меҳмонон бо руҳияи идона ва иҷрои маросими наврӯзӣ бо овозхониву рақсу бозӣ ҷамъомади идонаро бо шукӯҳ ҷашн гирифтанд.
+992 227-19-79 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.










