“Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст” Эмомалӣ Раҳмон.
Наврўз – рамзи паҳлавонӣ ва оини ҷавонмардӣ
Ҷашни Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунёст, ки бо фарорасии худ аз оғози фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон таҳти сарварию раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неки ниёконро ҳамеша гиромӣ медорад. Мояи ифтихор аст, ки ин суннати неки аҷдодӣ бо саъю кӯшиши Пешвои миллат дар Тоҷикистони соҳибистқлол ба як анъанаи умумимиллӣ табдил ёфтааст.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавии халқҳои эронӣ (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ ҷорӣ шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ — 1-уми фарвардин (ҳамал) ё 21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо «Иди сари сол» ва «Иди Соли нав» низ меноманд. Тақрибан 3 ҳазор сол муқаддам пайваста ба инкишофи деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ва ривоҷ ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо асотири космогонӣ оид ба табиати муранда (дар зимистон) ва зиндашаванда (дар баҳор) вобаста будааст. Дар аҳди Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромада, ба иди расмии эрониён табдил ёфт. Аксарияти асотиру ривоятҳои босто¬нӣ оғози ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд. Дар Осиёи Миёна ва Эрон аз асри 7 то мелод тақвими авестоӣ ҷорӣ буд. Мувофиқи ин тақвим солро ба 12 моҳи 30 рӯза тақсим карда буданд. Ҳар 30 рӯзи моҳ номҳои махсус дошт, ки яке аз он рӯзҳо бо номи он моҳ ҳамном буд ва он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз ин 12 ҷашн 3-тоаш аз сабаби он ки дар ин рӯзҳо ҳолати табиат тағйир меёфт, муҳимтар шуморида мешуд. Ҷашни аввали баҳорро Наврӯз, ҷашни аввали тирамоҳро Меҳргон, ҷашни рӯзи 10-ум и баҳ- манмоҳ (30 январ)-ро, ки панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз меомад, Сада мегуфтанд. Ҷашни Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз, ҳангоми эҳёи табиат, оғози мавсими баҳории киштукори деҳқонӣ буда, нисбат ба дигарон ҷашнҳо эътибори бештаре дошт. Дар бораи чанд рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз ақидаҳои мухталиф мавҷуданд.
Мувофиқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ шоҳони сосонӣ Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд. Онҳо рӯзи аввали Наврӯзро бо қабулу пазироии мардум мегузарониданд. Рӯзи дуюм мансабдорон ва давлатмандонро қабул намуда, суҳбат меоростанд. Рӯзи сеюм мубадон (рӯҳониёни аҳли зардушт), рӯзи чаҳорум аҳли дарбор, рӯзи панҷум фарзанду хешу таборонро пазироӣ мекарданд. Рӯзи шашум, ки расид, худи шоҳ Наврӯзро ид мекард. Барои ҳамин ҳам ҷашни рӯзи шашумро Наврӯзи Бузург номидаанд.
Ҳамин тариқ, Наврӯз, ки ҷашни бисёр қадима маҳсуб мешавад, ҳамчун як иди таърихӣ дар замони мо ба мерос мондааст. Наврӯзро ба иди оғози нек, меҳнат, иди назм, тарабу нишот, ҷавонӣ ва дӯстии халқҳо табдил ёфтааст. Ҷашни Наврӯзро гузаштагони мо чун рамзи покиву беолоишӣ дониста, аҳди дӯстиву рафоқат, эҳсону муҳаббат, бунёдкорию ободониро густариш бахшида, онро чун оғози фасли баҳор, пайғоми тоза ва дурахши роҳи фардои муқаддас мешумориданд.
Эмомов Иззатулло Маҳмудович- мудири шуъбаи иттилоот,машварат ва татбиқи дастовардҳо
+992 227-19-79 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
























