ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ МУБОРАК!

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Ҷумъа, 19-уми марти соли 2021
ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ МУБОРАК!

Муҳтарам кормандони Институт, шарикон ва меҳмонон,
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз Наврӯз бо қабои пурнусрати худ дар рӯзгори мардуми мо файзу шукӯҳи нав оварда, мақому манзалати волоеро касб кард. Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ин ҷашн дар дунё ҳамчун ба унвони фарҳанги миллати тоҷик шинохта шудааст.
Наврӯз дар фарҳанги мо – тоҷикон рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адолату баробарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ буда, ин навшавӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимии мост, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба зиндагии шоиста даъват мекунад. Дилҳо ва андешаҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некуиро пеша намоянд.

Тоҷикӣ

Хуш омадед ба Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Ҷумъа, 12-уми марти соли 2021

Сомонаи расмии мо дар ҳоли таҳия қарор дорад. Барои нороҳатии имконпазир узр мепурсем.
Барои маълумот, лутфан, бо мо дар тамос шавед:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе 734025
Хиёбони Рӯдакӣ 21А.
Тел: +992 227-19-79
Факс: +992 221-32-07

Тоҷикӣ

Боздиди як гурӯҳ шунавандагони курсӣ-омӯзишӣ барои Раисони Кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Ҷумъа, 05-уми марти соли 2021
Боздиди як гурӯҳ шунавандагони курсӣ-омӯзишӣ барои Раисони Кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур

Боздиди як гурӯҳ шунавандагони курсӣ-омӯзишӣ барои Раисони Кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур аз ҷумла:
- Имомназаров С.  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хорӯғ.
- Саидзода Р.  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Хуросон.
- Ҷамолиён М.  Раиси Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар Гулистон.
- Шеров Б. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Варзоб, аз ташкилоти ибтидоии "Хокшинос " - и Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.

Тоҷикӣ

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 07-уми Сентябри соли 2020
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Муаррифии бахши нави АМИТ «Ховар» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.
 
Дар арафаи 29-солагӣ ва ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Агентии миллии  иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бахши наверо зери унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва Пешвои миллат» ифтитоҳ мекунад.
Дар зер бахши навро муаррифӣ менамоем.
Мегӯянд, ки таърихе ҷаззобтар аз худи таърих вуҷуд надорад.
Аммо таърихро шахсиятҳои барҷаста меофаранд, ки бо андеша, сухан ва аъмоли худ ба зиндагии як халқ ва ё кишвари том таъсири бузург мегузоранд.
Онҳо бо зиндагии шоистаи худ ба дигар инсонҳои рӯи Замин намунаи ибрат нишон медиҳанд.
PDF: 
Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ