Наврӯз рӯзи мувозинати табиат ва инсон
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Баҳор яке аз зеботарин фаслҳои сол аст ва имрӯз Наврӯзи хуҷастапай қадами нахустини худро соати 08:06 дақиқа ба вақти Тоҷикистон ба сарзамини мо гузошт. Ба ин муносибат дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор гардид. Шариф Хоҷаев директори муассиса ҳамаи олимону кормандонро дар ин иртибот табрик гуфта, ба ҳамагӣ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар ҷодаи илм муваффақият орзӯ намуд. Ӯ таъкид намуд, ки Наврӯз ҷашни ниёгон ва Иди аҷдодии мардуми мо буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо кушишу ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҳар кадоми мо ҷашни ниёгонро қадр намуда, бо ифтихори миллӣ онро ҷашн бигирем.
Баҳор оғози дубора барои замин аст, ки бо ҷашну сурур ҳамроҳ шуда, ба шаҳрҳо, деҳоту хонаҳо ранги тоза медиҳад. Одобу русуми Наврӯз, оини истиқбол аз ин ин фасли сабз аст; фасле, ки омаданаш баҳонаи хубест то мо дар такопу бияфтем ва суннатҳои куҳанро ба ҷо биоварем.
Наврӯз ба ҳамагӣ хуҷаста бод!





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
























