Инак, мо дар арафаи ҷашни азизу муқаддас 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Имрӯз тамоми рӯйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он миллату давлатҳо саҳифаи сифатан нав ба вуҷуд меоранд аз Истиқлолияти комили сиёсӣ, иттиҳодӣ, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, сулҳу субот сарманшаъ мегирад ва дар рушди ҷомеа нақши бориз ва абадӣдоранд. Чун ба ҳамагон аён аст, санаи 9 - уми сентябри соли 1991 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи ҳамгироиву оштӣва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардидааст. Ҳар сол фарорасии ин санаи таърихиро мардуми шарафманди тоҷик бо ифтихору шодӣва шукуҳу ҷалоли хоса таҷлил мекунанд.
Истиқлолияти миллӣсарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣва пешбарандаи сиёсати давлат буда, дар таърихи мардуми мо, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
Воқеан, Истиқлолият беҳтарин неъмат дар ҳаёти инсон, иттиҳодӣ, омили рушди босубот, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон, ҳастии инсон ва ҳоқазо дар ҳар замон маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди тоҷикро мебояд шукр аз он намояд, ки имрӯз Ватани осудаву обод дорад ва дар ин кишвари маҳбуб умр ба сар мебарад. Аз ин лиҳоз, кӯшишҳои ҳамаҷонибаи хешро баҳри рушду равнақи Тоҷикистон равона месозем ва ҷавонони давраи соҳибистиқлолиро ба донишу ҳунар ва кору фаъолияти пурсамар ҳидоят месозем. Бубинед, имрӯзҳо чӣқадар корхонаву иморатҳо аз нав бунёд гардида, фаъолият мекунанд ва чӣқадар боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишиву фароғатӣ, майдончаи бозии кӯдакон, ки дар чор ноҳияи пойтахт тибқи нақшаи пешбинишудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амал мекунад, мавриди истифода ва баҳрабардорӣқарор дорад.
Аз мову шумо шаҳрвандони пойтахт ҳаминро тақозо менамояд, ки ба ин неъмати бебаҳо арҷ гузорем ва ба қадри сулҳу субот ва ба ин санаи тақдирсози миллат бирасем.
Насли истиқлолу сулҳу Ваҳдатем,
Пайравони Пешвои миллатем…
Иззатулло ЭМОМОВ, мудирӣ шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳо.





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.

















