«Миллати тоҷик соҳиби ойину сунатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тўли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст».
Меҳргон - иди ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парваридаи кишоварзон буда, ҳамасола дар фасли тирамоҳ дар сар то сари ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15- октябри соли равон Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахдор дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Ҳаким Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни «Меҳргон» ҷамъомади хотирмон баргузор намуд.
Дар ин рӯз Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаҳои кишоварзӣ ва Иди асал низ доир шуд. Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат бо манора ва ороиши махсус навъҳои гуногуни зироат, меваву сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намудаанд, ки сарзамини биҳиштӣ будани Тоҷикистонро бори дигар нишон медиҳад, Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе барои боздид аз намоиши пуршукӯҳи имрӯза гурӯҳ-гурӯҳ ба боғ ворид шуда, аз тамошои неъматҳои пурсахои сарзамини хеш баҳра мебурданд.
Дар намоиши мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода, сардори Раëсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода, Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Ин ҷашни мазкурро кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ бо дастовардњои назарраст истиқбол намуда, дастовардҳои илмии хешро пешкаши иштирокчиён гузоштанд.
Инчунин оид ба баланд бардоштани њосилнокии хок, омода намудани нуриои микробиологӣ, эмин нигоњ доштани хок аз таназулёбӣ ва гирифтани ҳосили дилхоҳ аз заминҳои лалмӣ ба кишоварзон тавсияњои алман асоснокро пешнињод намуданд.
Ҷашнвораи мазкур аз сохибистиқлолӣ, фаровонҳосилии зањмати кишоваршон, эҳёи анъанаҳои миллӣ, шодию нишон, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва файзу баракати хони пурнеъмати мардуми тоҷик дарак медод.
Дар интиҳои намоиш ба кишоварзони фаъол ва пешқадамони соҳа аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим гардиданд. .





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.

















