Санаи 05.10.2022 дар маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рўзи забон»-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони муассиса ва намояндаи АИКТ ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд. Ҷамъомадро роҳбарияти муассиса ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори таҷлили «Рўзи забон»-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфтанд ва аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзу пойдории арзишҳои фарҳангии он ёдовар шуда, махсусан қайд карданд: Ҳамагон аз таърихи тамаддун огаҳ ҳастем, ки гузаштагони равшанфикри мо барои пойдории миллати худ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии он махсусан дар пойдору овидона мондани забони шевою волои тоҷикӣ то кадом андоза заҳматҳоиҷ зиёд кашидаанд ва ҷонбозиҳо кардаанд. Ҷашнгирии «Рўзи забон» яке аз падидаҳои мубораки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад, ки мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ба асолати забони ноби тоҷикӣ мусоидат кард, балки ба рушду такомул, густариш ва болорафтани мақоми он шароити заруриро фароҳам овард. Махсусан, хидмату саъю талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ беназир аст. Сарвари давлат дар бештари вохӯрию мулоқотҳояшон оид ба покизагии забон, нигаҳдории фарҳанги воло бо дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулияти бузург сухан мегўянд ва дастуру супоришҳои муфид медиҳанд. Сипас котиби илмии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ Ёкубҷон Уроқов оид ба “Забон ҳастии миллат”, Қараев Шариф “Покиза нигоҳ доштани забони волою шевои тољикӣ” ва Додова Рисолат “Забон ифодагари мақсаду маром” суханронӣ намуда, аз ашъори шоирон дар бобати забон шеърҳо қироат кард. Инчунин филми мустанаде, ки аз давраҳои пайдоиш ва нигоҳдории он дар замонҳои мушкил қисса мекард пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар фарҷом бори дигар кулли кормандон ва меҳмононро бо ин рўзи фархунда табрику муборакбод намуда, сиҳатмандиву сарбаландӣ, рузгори осуда ва комёбиҳои беназирро таманно намудаанд. Котиб Уроқов Ё.П
+992 227-19-79 Главная |
Карта сайта |
Контакты |





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.

















