18.04.2024. Имрӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор шуд. Қобили ёдоварист, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 01 январи соли 2024, №АП – 481 ва қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 08.01.2024, № 6 доир гардида, бо ҳадафи амалӣ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияи пешрафта, таҳкими ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб, илмомӯзиву навоварӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар озмун 5 довталаб аз рӯи номинатсияҳои химия, ихтироъкорӣ ва навъоварӣ, биология ва география ширкат намуд. Масъулияти баргузории озмуни мазкурро Ҳасан Асоев корманди раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба уҳда дошт. Аз панҷ нафар ду нафар, Қурбоналӣ Салимов муовини директор оид ба илм, таълим ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар бахши ихтироъкорӣ ва навъоварӣ ва Мусамир Раҳматов докторанти соли дуюми шуъбаи рӯзона дар бахши химия дар байни ширкаткунандагон ба ҳамаи саволҳо посухҳои дуруст ва мушаххас дода, ба даври дуюм роҳ ёфтанд.
Дар интиҳои озмун Ҳасан Асоев ба довталабони муваффақ бурдбориҳоро орзӯ намуда гуфт, ки бояд ҷавонон бештар дар ин озмун фаъолона ширкат карда, сатҳи маърифатнокиву донишандӯзӣ, ихтироъкорӣ ва огоҳии худро аз технологияҳои пешрафтаи дунё бештар намуда, бо омодагӣ ва боварии боэтминон дар ин гуна озмунҳо иштирок намоянд.








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.

















