30.06.2024. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни бостонии Тиргон, Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» бо шукӯҳу ҷалол таҷлил гардид.
Дар он ташкилоту муассисаҳои мухталифи кишвар даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди меваҷот, навъҳои гуногуни меваи зардолу, маҳсулоти аз он омодашуда ба мисли шарбат, афшура, обмева ва хушкмеваҳо дар маърази намоиш гузошта шуданд.
Тиргон ҳамчунин ҷашни кишоварзон маҳсуб мегардад ва ба ин муносибат кишовразони Тоҷикистон навҳои мухталифи меваи тару тозаи зардолу, олу, олуча, гелос, шафтолу, себ, ангур ва хушкмеваҳо, навъҳои ғалладонагӣ, зироати полезӣ – тарбуз ва харбузаро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Инчунин ҷашни Тиргон низ пайвастагӣ ба рӯзест, ки киштварзон барои дарави гандум омода ва шурӯъ ба ҷамъоварии ҳосили нав мекунанд.
Олимони соҳаи кишоваразӣ, аз ҷумла Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дастовардҳои илмии худро ба намоиш гузошта, бо ғизоҳои миллии тоҷикӣ хони Тиргон оростанд.
Тиргон дар фасли тобистон фаро мерасад ва он ҷашни об низ ҳаст, ки дар ҷо-ҷои макони ҷашн ҳавзҳои сунъии об омода шуда буд, ки бахусус кӯдакон бо хушҳолӣ аз онҳо оббозӣ ва бузургсолон обпошӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст дар саросари Тоҷикистон мардум аз ин ҷашни бостонии чандҳазорсолаи гузаштагонамон бо як ҳисси ватандӯстиву ифтихор, ба мисли ҷашнҳои дигар – Сада, Наврӯз, Меҳргон ва эҳёи ҷашни Тиргонро таҷлил намуда, онҳоро гиромӣ медоранд. Чун инҳо ҷашнҳои гурӯҳиву дастаҷамъӣ ва хурсандӣ буда, ҳамаи инсонҳоро гирди ҳам меоваранд.
Ҷашни ТИРГОН ба ҳамагӣ муборак бошад ва имсолро пурбаракату серҳосил ва фаровон гардонад!
 
	
          












Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.

















