29.05.2024. Тибқи қарори Раёсати АИКТ аз 30.01.2024, № 4, «Дар бораи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалӣ дар муассисаҳои илмии АИКТ дар соли 2024», рӯзи саҳроӣ дар мавзӯи “Истифодабарии нуриҳои маъданӣ дар боғҳои интенсивӣ”, дар хоҷагии давлатии ниҳолпарварии “Искич”-и ш. Ҳисор доир гардид. Дар ҳамоиши илмӣ олимону мутахассисони Институти хокштносӣ ва агрохимия, намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ҳисор ва воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин рӯзи саҳроӣ, аз нигоҳи илмӣ баррасӣ, дарёфти роҳу усулҳои муосири самаранок истифода бурдани нуриҳои маъданӣ бо технологияҳои инноватсионии пешрафта дар минтақаҳои доманакӯҳи кишвар буда, ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокии замин ва ҳосилнокии боғҳои мевадиҳанда, тарғиби арзишҳои илмӣ ва татбиқи дастовардҳо дар истеҳсолот ва ба ин васила амалӣ намудани сиёсати давлати Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ мебошад.
Олимон дар мавзӯъҳои “Таъсири нуриҳои маъданӣ ба ҳосилнокии боғҳои мевадиҳанда”, “Истифода бурдани нуриҳои микробиологӣ дар боғҳои интенсивӣ”, “Агротехникаи парвариш ва ҳимояи интегратсионии дарахтони себ” ва дигар масъалаҳои муҳим барои роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ суханронӣ намуда, аз тарзи истифодаи нуриҳои маъданӣ дар решаи дарахтон дар боғҳои интенсивӣ корҳои амалӣ анҷом доданд.
Тавсия дода шуд, ки дар натиҷаи истифодаи дурусти заминҳои кишоварзӣ дар баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳо ва ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ ва инчунин риояи дурусти меъёр, мӯҳлат ва тарзҳои истифодаи нуриҳои комплексии моеъгӣ ба решаи дарахтони мевадиҳанда, метавон ҳосили фаровон ба даст овард.
Иштирокчиёни рӯзи саҳроӣ таъкид карданд, ки таъмин намудани боғҳои интенсивӣ ва боғу токзор бо ғизо, метавонад ҳосилхезии хок ва ҳосилнокии боғҳои интенсивиро баланд бардошта, дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва иқтисоди миллии кишвар нақши муҳимро бозида, ҳамзамон ба таҳкимиҳамкориҳо байни Институти хокшиносӣ ва агрохимия ва хоҷагиҳои деҳқонии водии Ҳисор дар самти баланд бардоштани малакаи хоҷагидорон дар самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ тавассути нуриҳои маъданӣ ва амалӣ шудани ҳадафи сеюми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти озуқаворӣ” заминаи воқеӣ гузошта, аҳамияти аввалиндараҷаро касб намояд.













Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
























