Мулоқоти Президенти АИКТ бо кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 09-уми Феврали соли 2024

   Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимия шиносоии Президенти  АИКТ муҳтарам Амонулло Салимзода бо кормандони Институт баргузор гардид. Дар аввал роҳбари муассиса  Шариф Хоҷаев аз ҳузури Президенти АИКТ изҳори сипос намуд.

      Сипас, зимни суханронӣ директори Институт гуфт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайёми навбатии  худ аз санаи 28-юми декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид доштанд, ки:  “... тағйирёбии   босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.”

     Ин суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як фарди тоҷик дар ояндаи кишварамон ва барои олимони соҳаи кишоварзӣ дар амалӣ кардани онҳо, дар пеш вазифаҳои хеле муҳим меистад. Масъулин, олимону мутахассисон ва кормандони Институт Паёми навбатиро сармашқи кори худ қарор дода, тибқи дастуру супоришоти Президенти муҳтарами Тоҷикистон фаъолияти худро идома медиҳанд.

      Зимни мулоқот Салимзода А.Ф. аз наздик бо фаъолияти  масъулин, олимони собиқадор ва нақши онҳо дар тарбияти ҷавонони рӯ ба илм оварда шинос шуда,  амалӣ шудани дастовардҳои илмии олимон дар истеҳсолотро муҳим арзёбӣ кард.

     Ба олимону мутахассисон супориш дода шуд, ки бо хоҷагиҳои деҳқонии манотиқи мухталифи кишвар ҳамкориҳои худро тақвият бахшида, роҳҳои пешгирии шӯршавии  замин, аз ҷумла дар бархе аз ноҳияҳои вилояти Хатлонро мавриди таҳлилу ташхис қарор бидиҳанд.

     Олимони хокшинос ва агрохимия дар шароити тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба замин ва бахши кишоварзӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода, аз натиҷаи онҳо зимни суҳбат тавассути ВАО ба деҳқонон ва кишоварзони ҷумҳурӣ   тавсияҳои асоснок илмӣ пешниҳод намоянд.

     Озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растании Институт дар асоси корҳои таҳқиқотии олимон, таблиғи натиҷаи корҳои ташхиси худро дар ҷумҳурӣ бештар намояд. Бахусус омилҳои таъсир ба муҳити зистро дар асоси ташхисҳои суратгирифта мушаххас  кунанд.

     Президенти АИКТ таъкид намуд, ки олимони ботаҷриба дар таҳқиқу омӯзиш ба докторантону магистрантҳо шароит фароҳам оварда, дар корҳои таҳқиқотӣ  ҷавононро бештар ҷалб намоянд.

      Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои таҳқиқотӣ ва чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ иштироки фаъолона дошта бошанд.

       Роҳбари АИКТ дар поёни мулоқот дастур дод,  ки ҳар як шуъба ва олим дар охири сол аз ҳадаф ва натиҷаи корҳои мушаххаси илмӣ-таҳқиқотии худ   дар истеҳсолот  бадастовардааш гузориш пешниҳод намоянд.

Тоҷикӣ

Меню: