ПАРЧАМ ИФОДАГАРИ ИҚБОЛУ ИСТИҚЛОЛ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Шанбе, 18-уми Ноябри соли 2023

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

                                                                                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

      Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
      Чист парчам? И
қтидори миллат аст.
      Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
      Чист парчам? Э
ҳтироми миллат аст.

     Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвари мо ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” мутантан ҷашн гирифта мешавад.     

      Парчами давлатии Тоҷикистон Рамзи Истиқлолият ва дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумомаҳсуб мегардад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ роҳнамо месозад.

    Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар баргузории  чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмиллалӣ ва дар ҳайёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеи хоси худро доро мебошад.

     Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шуда, бар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

     Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

     Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

      Дар арафаи 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баландтарин бурҷи парчам дар ҷаҳон дар маркази пойтахти мо шаҳри Душанбе, дар канори чапи Қасри Миллат ифтитоҳ гардид.

Ҳамин тавр парчами Тоҷикистон бо сутуни дорои баландии 165 метр ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метр аст.

     Парлумони Точикистон ҳануз соли 2009 санадеро ба имзо расонида буд, ки тибқи он ҳар сол 24-уми ноябр Рӯзи парчами миллӣ таҷлил мегардад.

      Ниёгони мо аз қадимулаём соҳиби парчам буданд, ки он бо номи дирафш машҳур буд. Дирафши давраи сосониён чор ранг дошт; сурх, сафед, сабз ва зард. Ҳар як ранг рамзи хешро дошт. Паҳлавонони номӣ ба монанди Рустам, Гударз, Тус, Гев, Сиёвуш ва ғайраҳо дирафши худро доштанд.

Тоҷикӣ

Меню: