Семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Беҳтар намудани ҳолати беҳдошти заминҳои обёришавандаи дубора шӯршудаи водии Вахш”

Ношир: Ношир Санаи интишор: Ҷумъа, 16-уми Феврали соли 2024 • Updated on Сешанбе, 09-уми апрели соли 2024

       Ҷиҳати иҷрои қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 30.01.2024, №4 “Дар бораи баргузории семинари илмию амалии минтақавӣ ва рӯзҳои саҳроӣ” аз ҷониби муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2024 санаи 16 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ семинари илмию амалии минтақавӣ оид ба “Беҳтар намудани ҳолати беҳдошти заминҳои обёришавандаи дубора шӯршудаи водии Вахш” вобаста ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид.

       Дар семинари мазкур намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Сарраёсати кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ иштирок намуданд.

      Ҳадаф аз баргузории семинари илмию амалии минтақавӣ дарёфти роҳу усулҳои муосир, бо риояи дурусти агротехникаи парвариш беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳои обиёришавандаи шӯршуда, истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб заминҳои корами обиёришаванда буда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, тарғиби арзишҳои илмӣ ва татбиқи дастовардҳо дар истеҳсолот ба ин васила амалӣ гардонидани сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши кишоварзӣ мебошад.

      Дар рафти ҳамоиши илмӣ олимону мутахассисон оид ба мавзӯҳои “Беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои обиёришавандаи шӯршуда минтақаҳои ҷумҳурӣ”, “Усулҳои биологии мубориза бар зиддӣ шӯршавии хок дар манотиқи ҷумҳурӣ”, “Истифодаи нуриҳои маъданию органикӣ дар шӯрзаминҳои вилояти Хатлон вобаста ба тағйирёбии иқлим”, “Пешгирӣ намудани шӯршавии дубораи заминҳои обёришавандаи водии Вахш”, инчунин ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобидаю партов  баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

Тоҷикӣ

Меню: