Тиргон ҷашни тоҷикони бостон

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 23-уми Июни соли 2023 • Updated on Шанбе, 09-уми Сентябри соли 2023

      Эҳёи як ҷашни бостонӣ барои мардуме, ки таъриху тамаддуни чандҳазорсола дорад, боиси хушҳолӣ ва ифтихор аст. Фарҳанги мардуми тоҷик аз ҷашнҳову ойинҳое, ки ба муносибатҳои  мухталиф дар фаслҳои гуногуни сол баргузор мешавад, зиёд аст. Лекин мутаассифона баъзе аз расму ойинҳои онҳо ба фаромӯшӣ рафтааст. Зимни таҳқиқ он чӣ дар аксари ин ҷашнҳо ба чашм мехӯрад, аз шодиву нишоти гурӯҳӣ аст.

    Яке аз ин ойинҳо, ки албатта каме ба фаромӯшӣ рафта буд, ҷашни Тиргон аст ва қадимиён онро дар рӯзи сездаҳуми тир баргузор мекарданд. Дар воқеъ ҷашни фархундаи Тиргон оғози он рӯз аз рӯзи тир аз моҳи тир мебошад. дар баъзе ҷойҳо омадааст, ки ба муддати 9 то 10 рӯз идома доштааст. Ин ҷашн ҳамроҳ ба Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои бостонии ориёитаборон аст, ки бо шукӯҳи хоссе баргузор мешавад.

    Дар бораи Тиргон низ дар байни мардум, аз қадим ривоят ё достонҳо, устура ва боварҳое вуҷуд доштааст. Бо гузашти замон баъзе аз онҳо ва оинҳои гуфторӣ ба осори навишторӣ роҳ ёфта, то замони мо расидаанд. Аз таърихи гузаштагони худ  огаҳӣ дорем, ки дар гузаштаҳои дур мардум ба эзидони зиёд бовар доштанд. Ҳар ҳодиса, воқеа ва рӯйдоди зиндагиро ба эзиди махсусе вобаста дониста, ба он рӯй оварда ниёиш менамуданд ва аз рӯзгори ҳаррӯзаи хеш шукургузорӣ мекарданд.

Тибқи сарчашмаҳо моҳҳои ниёгони мардуми ориёитабор аз 12 моҳ иборат буд ва  яке аз рӯзҳои ҳар моҳ бо номи ҳамон 12 моҳ буд. Аз ҳамин лиҳоз, он рӯзи ҳамномро чун рӯзи накӯ бо шодиву сурур ҷашн мегирифтанду ба он эҳтиром мегузоштанд ва ниёиш мекарданд.

Моҳи тир дар солшумории имрӯзи эрониён ( мутобиқ бо 22 июн — 21 июл) дар фасли гармои тобистон рост меояд. Дар ин давра дар кишвари мо мавсими ҷамъоварии ҳосили гандум оғоз   мешавад ва дарави гандум гурӯҳӣ сурат мегирад. Дар ин маврид чанд расму ойинҳо мардумӣ байни деҳқонон то ҳол бо таронаҳо  иҷро мегарданд. Аз тариқи Тиргон мардум бо иҷрои ойинҳо ва шодиву нишот ва бо ниёиш аз эзидони худ талаб менамуданд, ки кишварро аз хушксолӣ эмин нигоҳ дорад. Мувофиқи ҳамон суннати гоҳшумории ниёгон Тиргон дар рӯзи сездаҳуми моҳи тир (тирмоҳ)  ҷашн гирифта мешуд, ки ин рӯз тибқи солшумории имсол (2023) баробари 4 июл мебошад. Дар ин маврид бояд тазаккур дод, ки таҷлили ҷашни Тиргон аз оғози моҳи тир шурӯъ мешавад ва дар ҳар кишвар ё баъзе аз манотиқ дар рӯзҳои мухталиф аз он ҷашн мегиранд.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Тиргон дар рӯзи 13-уми тирмоҳ бо анҷоми ойину русуми хос  баргузор мешавад. Саволе пеш меояд, ки ин ҷашни чист ва номгузории он чӣ гуна аст? Роҷеъ ба фалсафаи ҷашни Тиргон, ду ривояти ҷолиб вуҷуд дорад, ки ривояти якум ба Ораш қаҳрамони миллии эрониён ва ривояти дуюм ба фариштаи борон  марбут аст.

Дар асоси ривояти якум, Тиргон ҷашне аст,  ки ба партоби тири камони Ораши камонгир аз фарози Дамованд иртибот дорад. Дар набард миёни Афросиёб подшоҳи Турон ва Манучеҳр подшоҳи Эрон ҳангоме, ки ду тарафи набард тасмим ба сулҳ мегиранд, аҳд мекунанд тире аз ҷониби Мозандарон ба самти Хуросон партоб шавад, то марзи ду кишварро мушаххас намоянд. Дар охир ин тир тавассути Ораши камонгир партоб мешавад ва дар назди рӯди Ҷайҳун фурӯд омада, ҳамин тавр марзи Эрону Турон муайян мегардад. Баъзеҳо ин ривоятро сабаби номгузории Тиргон ва баргузории ин ҷашни куҳан медоданд.

Аз ҳамин ҷиҳат ҳар ойине саргузашт ва маданияти таърихӣ дорад. Ҷашни бостонии Тиргон дар фарҳанги омиёна (оммавӣ) ҳосилхезии табиат ва фаровонии неъмат ва дар фарҳанги асотирии эрониён бошад, ватандӯстии Орашро ифода  мекунад.

Ривояти дуюм аз гиромидошти Тиштар (фариштаи бороновар) ҳикоят мекунад.Бар асоси ин ривоят, Тиштар бо ёрии Аҳуро дар набард бо Апуш (деви хушксолӣ) ғолиб мебарояд ва мардум ин пирӯзиро ҳар сол ҷашн мегирифтанд.

Зафари Мирзоён муҳаққиқи тоҷик дар як мақолааш дар иртибот ба ҷашни Тиргон навиштааст, ки: “Дар миёни киштварзон ҳанӯз ҳам гоҳ - гоҳе истилоҳи «шабдарав» шунида мешавад, ки ишора ба дарави гандум дар шабҳои салқини маҳтобиро дорад. Мардум дар ин ҷашн бо пошидани об ба якдигар, орзуи борон ва дурӣ аз хушксолӣ мекунанд. Аз ёдҳо фаромӯш нашудааст, ки аз хӯрданиҳо ба гандуму нахӯди пухта ва бирён ишора карда мешуд.”

Ҳамчунин пажӯҳишгари тоҷик ба баъзе аз хӯрокиҳое, ки дар имрӯз миёни мардуми тоҷик ҳифз шудааст, дар ин маврид аз ривояте ёдовар шудааст: “... ба дастури шоҳаншоҳ Кайхусрав ин навъи хӯрокиро барои сарбозони ҷанг таҳия мекарданд; ба Кайхусрав хабар мерасонанд, ки барои сер кардани сарбозон аз хӯрока чизе дигар намондааст. Шоҳаншоҳ дастур медиҳад, ҳар чи аз зироат рӯи киштаҳо мондааст, бардошта рӯи това тафт дода ва ҳар мевае бар дарахтон ҳаст, бо вуҷуди норас будан чида, шарбат таҳия намоянд. Шояд хӯрокҳои бисёр содаи миллии мо, чун гандумбирён, нахӯдшӯрак, нахӯдбирён аз он замон ба ёдгор монда бошанд.”

Ин ривоятро Абўрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» тасдиқ карда, меафзояд: «… ва чун дар вақти муҳосира кор ба Манучеҳр ва эрониён сахту душвор шуда буд, ба қисме, ки дигар ба орд кардани гандум ва пухтани нон намерсиданд, гандум ва меваи хом мепухтанд. Бад-ин ҷиҳат шикастани зарфҳо ва пухтани меваи хом ва гандум дар ин рўз расм шуд».

Дар ин ҷашн амалҳое, ки ба иҷро мерасиданд:

Обпошӣ- аз сабаби он, ки ин ҷашн дар канори обҳо, рӯдхонаҳо ва ҳавзҳои об ҳамроҳ бо маросими вобаста ба об - обпошӣ ба муносибати он, ки борон дар соли оянда бештар гардад ва ҳамчун дигар ҷашнҳое, ки бо об ҳампайванд ҳастанд, бо номи умумии “Обрезгон”, “Обпошон”, “Саршуён” ёд шудааст. Дар ин рӯз ҳамагӣ метавонанд дар ҳар ҷойи муносиби дигаре ба рамзи боридани борон  ба якдигар обпошӣ кунанд.

Дар фасли гармии тобистон кӯдакону ҷавонон ва дар маҷмӯъ ҳар фарде ба фаввораҳо, ҳавзҳои оббозӣ ва рудхонаҳо рафта, дар ин ойини ҷашни Тиргон  оббозӣ ва обпошӣ кунанд.

Фоли кӯза - дигар аз маросими ин ҷашн монанди бисёре аз ҷашнҳои ориёитаборон  мебошад. Рӯзи қабл аз ҷашни Тиргон духтареро интихоб мекунанд ва кӯзаи сафоли сабзранги даҳонкушодае ба ӯ медиҳанд, ки “дула” ном дорад. Ӯ ин зарфро аз оби покиза пур карда  ва як дастмоли сабзи абрешимиро ба рӯи даҳони он меандозад. Онгоҳ кӯзаро  назди ҳамон касоне, ки орзӯе дар дил доранд ва мехоҳанд дар ин маросим  ширкат кунанд, мебарад. Онҳо ангуштарин (чала), гушвора, сикка, калид ва монанди инҳоро дар об андохта онро ба зери дарахти ҳамешасабз мебаранд. Дар рӯзи ҷашни Тиргон ва пас аз маросими обрезон ҳама касоне, ки дар кӯза  чизе андохта ва нияту орзуе доштаанд,  гирди ҳам меоянд ва дӯшиза  дӯлро аз зери дарахт мегирад ва назди ҷамъшудагон меорад. Албатта дар ин маросим бештар бонувон ширкат мекунанд ва солхурдгон бо садои баланд ба навбат шеърҳо мехонанд ва духтар дар поёни шеър дасти худро ба дохили кӯза бурда, яке аз чизҳоеро берун меоварад ва бад ин тартиб соҳиби он чиз мефаҳмад, ки шеъри хондашуда марбут ба нияти хоста ва орзӯи ӯ будааст.              

Дастбанди тиру бод - маросими мазкур аз ҳафт ресмон ба ҳафт ранги гуногун бофта шудааст. Дар рӯзи бод (баъд аз нуҳ рӯз) онро дар ҷои баланде мемонанд ва ё дар об меандозанд, то орзӯву ҳавасҳояшон ба унвони паёмрасон амалӣ гардад. Дар ин маросим бештар ҷавонписарону ҷавондухтарон ширкат мекунанд.

Намод ё рамзи дигари Тиргон гули Бунафша аст. Дар як китоби паҳлавӣ он ҷо  ки “Дар бораи чигунагии гиёҳон” сухан ба миён омадааст, аз миёни гулҳо бунафша гули махсуси тир муаррифӣ шуда, рамзи зебоӣ барои тирмоҳ ва ҷашни Тиргон аст.  Навъҳои гуногуни ин гул дар Тоҷикистон низ парвариш меёбанд. Аз ҳамин лиҳоз бар асоси достонҳо ва афсонаҳои қадимӣ бунафша қарнҳо ба унвони рамзи ишқ маъруф буд ва имрӯз ҳам ҳаст.

Қобили зикр аст, ки  ҷашни бостонии мардуми  тоҷикон - Тиргон имрӯзҳо низ  дар рӯзгорони мо  ҳангоме, ки  тағйирёбии иқлим ва хушксолӣ сайёраи Заминро таҳдид мекунад, ҷойгоҳи худро гум накардааст. Ба маврид аст дар шароити кунунӣ аз норасоии об дар ҷаҳон ва иқдомоти сарвари давлати Тоҷикистон дар масоили обро ёдовар бишавем.

Дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», ки соли 2019 баргузор шуда буд, дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷашнҳои бостонии ниёгон ба ҷашни Тиргон низ таъкид карданд ва дар назди пажӯҳишгарон масъала гузоштанд, ки ҷашнҳои ниёгонро бо «нигоҳи тоза» мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Аз ҷумла гуфтанд, ки: “Мо – мардуми тоҷик бо мероси бузурги Сомониён ифтихор дорем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем. Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадимитар дорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон  аз ҳамин қабиланд.  Ҳарчанд ки доир ба шинохти ҷашнҳои зикршуда дастовардҳои илмӣ зиёданд, аммо таҳқиқи масоили гуногуни онҳо дар марҳалаи таърихи навин нигоҳи тоза мехоҳад. Бовар дорам, ки донишмандон моҳияти фалсафию иҷтимоии ин ҷашнҳоро аз ҳамин нуқтаи назар таҳқиқ карда, дар асоси ҷаҳонбиниву андешаҳои муосир ҷавҳари асливу инсондӯстонаи ин ойинҳоро боз ҳам равшантар месозанд”.

Тибқи ин гуфтаҳо имсол ҷашни дигари бостониамон Тиргонро бори аввал дар саросари кишварамон бо шукӯҳ таҷлил менамоем.

Қобили ёдоварист, ки дар баробари Эрон ва Тоҷикистон дар кишварҳои ғарбӣ  фестивали Тиргонро доир мекунанд. Дар имрӯз Эрон ҷашни Тиргонро  аз ғурур, ишқ ба ватан ва ниҳоят меҳандӯстии эрониён ёдоварӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон имсол як барномаи махсуси идонаи ҷашни Тиргон дар Боғи Ирам тарҳрезӣ шудааст, ки иҷрои расму оинҳо ва таҳияи суфраи Тиргон пешкаши мардуми пойтахт мегардад. Эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва эҳёи ҷашнҳои бостонӣ  насли ояндаро вазифадор месозад, ки барои ҳифзи мероси фарҳанги гузаштагонамон саҳмгузор бошанд.

Ҷашни Тиргон ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ фархунда бод!

 

                                                                  Раёсати Институти хокшиносӣ ва   

                                                                  агрохимияи Академияи илмҳои

                                                                  кишоварзии Тоҷикистон

Тоҷикӣ

Меню: