Табрикоти директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Абдуллоҷон Асад... Санаи интишор: Чоршанбе, 06-уми марти соли 2024

РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!

Боиси хурсандӣ аст, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор, ҷашни фархундаи Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад.
Имрӯзҳо бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бонувону духтарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлатамон саъю талош мекунанд.
Бо ифтихор ва шарафмандӣ тамоми модарон ва бонувони азизро бо фарорасии иди зебои баҳор ва Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, бароятон умри дароз, зиндагии осуда, бахту иқболи наку ва дар корҳои  илмию амалиатон  комёбиҳо орзу менамоем.
Бигзор, қалбҳоятон пур аз меҳру сурур, чароғи хонадонатон ҳамеша равшан ва фарзандонатон солиму солеҳ, номбардори падару модар, миллат ва халқу Ватан бошанд!
Идатон муборак, модарону бонувони гиромиқадр!

Эй Модарону хоҳарон, бодо муборак идатон,
Зиннатфизо эй маҳвашон, бодо муборак идатон.
Баҳри шумо Фархунда бод, ин фасли зебои баҳор.
Гулғунчаҳои бӯстон, бодо муборак идатон.

Тоҷикӣ

«Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»

Ношир: Абдуллоҷон Асад... Санаи интишор: Чоршанбе, 06-уми марти соли 2024

     Санаи шашуми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ  дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» № АП -480,   аз 01 январи соли 2024  ва фармоиши раёсати АИКТ, №06 аз 08 январи соли 2024   бо иштироки намояндаи АИКТ Ҳасан Асоев сармутахассис оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ, директори Институт Хоҷаев Ш.И, котиби илмӣ Давлатова О.С, ходими калони илмии шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳо Зокирова М.Қ, олимони ҷавон ва кормандони муассиса баргузор гардид.

Тоҷикӣ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ТОЛОРИ ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Панҷшанбе, 22-уми Феврали соли 2024

    Санаи 22 феврали соли ҷорӣ, дар толори муассиса бо иштироки Пезиденти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис ҷанговарони интернатсионалӣ, полковники адлия - Холзода Умар, полковники эҳтиётии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон -Ғоибов Аслиддин, полковники мустаъфӣ - Ятимзода Хуршед ва собиқадори ҷанги Афғонистон - Аминов Шариф иштирок намуданд.

Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ БОЗИИ ШОҲМОТУ ШАШКА БАХШИДА БА РУЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Панҷшанбе, 22-уми Феврали соли 2024

     Санаи 22.02.2024 дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ чун ҳамасола бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бозии шавқовари шашка ва шоҳмот  баргузор карда шуд, ки дар он ҳамаи кормандони муассиса фаъолона ширкат намуданд.

    Сараввал  директор Хоҷаев шариф иштирокчиёни озмунро бо таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар табрик намуда, ба онҳо барору комёбиҳои беназзирро таманно намуданд.

      Дар фарҷоми  чорабинӣ барои гирифтани ҷойҳои 1, 2, 3 ғолибон муайя гардида, онҳоро бо маблағҳои пулӣ қадрдони намуданд.

ҷойи якум Пирназаров Сидиқ сармуҳосиби муассиса 150- сомонӣ

ҷойи дуюм Соррохон Шерозӣ корманди шуъбаи мелиоратсия 100- сомонӣ

Тоҷикӣ

Иҷроиши корҳои агротехникӣ дар боғу токзори қитъаи таҷрибавии минтақаи “Карсанг”

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Душанбе, 19-уми Феврали соли 2024

      Яке аз корҳои мавсимии дарахтони мевадиҳанда, ҳангоми боришоти барф, ҷамъ ë шибакунии барф дар атрофи дарахтон мебошад. Санаи 19.02.2024 аз ҷониби кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимия атрофи дарахтони боғи қитъаи таҷрибавии “Карсанг” бо барф шиба карданд, ки ин технология метавонад дар оянда мӯҳлати гул шукуфоии дарахтонро ба ақиб партофта, захираи намиро таъмин намояд, ҳамзамон касалиҳо зараррасонҳои атрофи дарахтонро нобуд намояд.

       Ғун кардани барф дар атрофи дарахтони бо мақсади намиғундори дар оянда. Зер яъне сум кардани барф бо хотири дер об шудан мебошад. Барф оҳиста об шуда то чуқурии лозима меравад.

 

Тоҷикӣ

Шанбегӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзиии Тоҷикистон

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Шанбе, 17-уми Феврали соли 2024

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба сарсабу хурам гардонидани бинои муассиса ва зерсохторҳои он санаи 17.02.2024 роҳбарият ва аҳли кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзиии Тоҷикистон, барои тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассиса, нарм кардани гирди гулу дарахтон ва ба шакл даровардани дарахтони назди бино дар Институт ва зерсохторҳои он дастаҷамона корҳои ободониву сабзу хуррамгардонӣ баргузор шуд.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ