Бо дастгирии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” санаи 14-уми ноябри соли ҷорӣ дар доираи Зеркомпоненти 3:2 Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти озуқавории кишоварзӣ ФАО семинари илмӣ - амалӣ оид ба “Татбиқи барномаи глобалии табибони хок”-ро баргузор гардид.
Семинари омўзишӣ барои мутахассисони соҳаи хокшиносӣ ва хоҷагидорон буда, аз санаи 14.11 то санаи 18.11.2023 ба мўҳлати 5 рӯз идома меёбад. Мутахассисони соҳа дар ин мудат нозукиҳои кори илми хокшиносӣ ва идоракунии ҳосилхезии хокро аз бар намуда, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили дилхоҳ мусоидат хаҳанд кард.
Мақсади баргузории семинари мазкур ин баланд бардоштани ҳосилхезии хок тавассути технологияи муосир, пайдо намудани маълумотҳои илмӣ оид ба ҳолати воқеии хок ва муайяну ташхис намудани таркиби хок дар шароити саҳроӣ мебошад.











Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.

















