Паём фарогирии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар
31.01.2024. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, дар доираи иҷрои нишондиҳандаҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа нахуст директори Институт н.и.к. Ш. Хоҷаев аз мавзӯъҳои муҳими Паём ва дар шароити ҳозира чӣ нақш доштани онҳо, аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, бахусус роҷеъ ба соҳаи кишоварзӣ ибрози назар кард.
Дар ҷараёни ин ҷаласа олимону мутахассисон назару андешаҳои худро аз нуктаҳои муҳими Паём ва дар доираи он чӣ барномаҳо тарҳрезӣ хоҳанд кард, изҳор доштанд.
Шабнами Раҳимҷон нозири кадрҳо, Файзигул Каримова мудири шуъбаи баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок, Шариф Аминов мудири шуъбаи мониторинг ва ҳифзи хок аз эрозия, Заррина Абдулвоҳидова мудири шуъбаи иттилоот машварат ва татбиқи дастоварҳои илмӣ, н.и.к.Шариф Қараев ва дигар кормандон дар мавзӯъҳои паём ҳамчун роҳнамо, мураккабшавии авзои сиёсии ҷаҳон, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар минтақа ва ҷаҳон, таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ, сиёсати давлатии ҷавонон, нақши занон дар ҷомеа, омодагӣ ба муносибати 30-мин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълони соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати қуқуқӣ”, таваҷҷӯҳ ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳамчунин тарбияи олимони ҷавони соҳаи кишоварзӣ, бахусус бахши хокшиносӣ ва агрохимия дар амният ва ҳифзи хоку замини кишвар, назароти худро баён намуданд.
 
	
          









Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.

















