Мулоқоти корӣ оид ба ташхисии хок дар озмоишгоҳи хоку растании Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 02-уми Феврали соли 2024

     Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” санаи  2 феврали соли ҷорӣ бо иштироки Қурбонов Б -муовини директор/ҳамоҳангсози лоиҳа, Бурхвалишо З. -ҳамоҳангсози компоненти 3-юм, Шомаҳмадзода М.Қ. –мутахассис хокшинос, Хоҷаев Ш.И. -директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия, Хоҷаев Д.И. -мудири озмоишгоҳи ташхиси хоку растании Институти хокшиносӣ ва агрохимия, Самадова М- менежер оид ба харид ва Муродов И –сармуҳосиб  дар доираи шартнома ҷиҳати муайян намудани ҳолати ғизоии хок дар миқёси ҷумҳурӣ махсусан дар 71 хоҷагиҳои тухмипарварие, ки манфиатбарандагони лоиҳа ба шумор мераванд мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Дар мулоқот роҷеъ ба муҳимияту зарурият доштани ташхисҳои гуногунии хок, муайян намудани ҳолати ҳосилхезии он бо усулҳои муосири илмӣ ва босифату сари вақт гузаронидани он аз тарафи мутахассисони соҳа матраҳ карда шуд.

 

Тоҷикӣ

Меню: