+992 227-19-79 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
Июн 2021
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Суратгузориш аз рафти ҷамъомади тантаниви бахшида ба "Рӯзи Ваҳдати миллӣ"-зери унвонӣ " Ваҳдати миллӣ- кафили сулҳу оромӣ " дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.
Ваҳдати миллӣ – кафили сулҳу оромӣ
Ваҳдати миллӣ кафили соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва суботи кишвар мебошад.Ваҳдати миллӣ, истиклолияти давлатии тоҷиконро нигоҳ дошта, барои расидан ба вазифаҳои дар наздаш гузоштаи он мусоидат менамояд.
Суратгузориш
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории маҷлиси хизби, ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии " Хокшинос "-и Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ.
Апробатсия
Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Президенти АИКТ даври якуми апробатсияи корҳои илмию тадқиқоти дар қитъаҳои таҷрибавии Институти хокшиносӣ ва агрохимия доир ба мавзуъҳои илмии шуъбаҳо бо иштироки ҳайъати комиссияи абробатсионӣ гузаронида шуд. Санҷиши комиссияи мазкур маълум намуд, ки дар ҳамаи қитъаҳои таҷрибавӣ аз руи мавзуҳои илмии тасдиқшуда барои солҳои 2021- 2025 таҷрибаҳои илмию истеҳсоли гузошта шуда ҳолати нашъунамои зироатҳои киштшуда ва дарахтони мевадиҳанда хеле хуб мерасанд!
Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии " Илм- фурӯғи маърифат "
Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии " Илм- фурӯғи маърифат " дар н. Шоҳмансури ш. Душанбе ҷамъбаст гардид, ки дар он магистри Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, Раҳматов Мусамир аз руи номинатсияи химия миёни донушҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби диплому роҳхат ба даври шаҳрии озмуни мазкур гардид!





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
























